Эълони пайгарди қонунии роҳбари «Rolkan Investments Ltd»

Дар Тоҷикистон барои иштироки ғайримустақим дар содир намудани ҷиноёти қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба мудири кулли ширкати ҳавопаймоӣ «Rolkan Investments Ltd» Сергей Полуянов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ширкати ҳавопаймоии мазкур дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Тоҷикистон барои иштироки ғайримустақим дар содир намудани ҷиноёти қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба мудири кулли ширкати ҳавопаймоӣ «Rolkan Investments Ltd» Сергей Полуянов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ширкати ҳавопаймоии мазкур дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тафтишоти парвандаи мазкур ба ӯҳдаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ вогузор шудааст.

«Полуянов барои иштироки ғайримустақим дар содир намудани ҷиноёти қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон, яъне мутобиқи моддаҳое, ки халабонон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко маҳкум шуданд, таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон гардид. Муайян карда шудааст, ки халабонон бевосита бо супориши Полуянов парвозро анҷом додаанд, аз ин рӯ, ӯ низ бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид шавад», – гуфт манбаъ.

Қаблан СергейПолуянов ба ВАО-и русиягӣ изҳор кард, ки аз оғози ин қазия ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро таҳти фишор қарор дода, талаб кардаанд, ки ҳавопаймоҳоро ба онҳо супорад ва дар сурати акс, таҳдиди ба зиндон равона кардани халабонҳоро карда будаанд.

Бино ба маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ду ҳавопаймои Ан-72, ки халабонони маҳкумшуда тавассути онҳо ба Қӯрғонтеппа фуруд омаданд, дар ягон кишвар дар қайди давлатӣ набуда, давоми се сол бар хилофи бехатарии парвоз аз таъмир ва санҷиши техникӣ нагузаштаанд.

То моҳи июни соли 2008 онҳо дар рӯйхати давлатии хадамоти ҳавонавардии Гурҷистон сабти ном шуда буданд. Сипас аз рӯйхати техникаи ҳавопаймоии ин кишвар хориҷ гардида, аз шаҳодатномаи оператор ва шаҳодатномаи коршоямӣ ба анҷом додани парвоз маҳрум гардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.