Марзбонони тоҷик иддаъои ҳамтоҳои ӯзбеки худро бепоя хонданд

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як баёния иддаъои мақомоти Ӯзбекистонро дар мавриди ҷой доштани далели ҳамлаи мусаллаҳона ва иштирок дар қочоқи маводи мухаддир расман рад месозад. Сардори маркази матбуоти кумита Хушнуд Раҳматуллоев дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки дар ин иттилои мақомоти Ӯзбекистон далелҳои бидуни тасдиқ пешниҳодшуда зиёданд. «Аввал, […]

Наргис Ҳамробоева


Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як баёния иддаъои мақомоти Ӯзбекистонро дар мавриди ҷой доштани далели ҳамлаи мусаллаҳона ва иштирок дар қочоқи маводи мухаддир расман рад месозад.

Сардори маркази матбуоти кумита Хушнуд Раҳматуллоев дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки дар ин иттилои мақомоти Ӯзбекистон далелҳои бидуни тасдиқ пешниҳодшуда зиёданд. «Аввал, дар макони ҳодиса ягон намуди маводи мухаддир дарёфт нашудааст. Дар асл бошад, қочоқчиён техникаи маиширо аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон интиқол доданӣ буданд. Дуввум, аз амали қочоқбаронро маҳз марзбонони ӯзбек пуштибонӣ карданд», – изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 13-уми ноябр сарфи назар аз огоҳии чандинбораи марзбонони тоҷик бо забонҳои русиву ӯзбекӣ ва ба ҳаво тир холӣ кардан, марзбонони ӯзбек дар посгоҳи марзии «Ҳаштияк»-и гурӯҳи марзбонии «Истаравшан» марзро убур намуда, нияти мусоидат ба қочоқро доштанд. «Пас аз ин марзбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки ба силоҳ даст баранд ва дар натиҷа як марзбони ӯзбек ҳалок шуд. Бояд гуфт, ки ин амали марзбонони тоҷик пурра ба Оиномаи сарҳадии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст», – зикр кард Раҳматуллоев.

Номбурда ҳамчунин гуфт, пас аз як рӯзи ҳодиса вохӯрии мақомоти додситонии низомии ҳар ду ҷониб баргузор шуда, баъди санҷиши дақиқи ҷойи ҳодиса, ҳар ду тараф ба хулоса омадаанд, ки ин ҳодиса ба қочоқи дастгоҳҳои барқии маишӣ марбут аст.

«Созмондеҳи муомилоти қочоқи техникаи маишӣ шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Насиба аст. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса даст доштанд, боздошт гардида, аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд сардори маркази матбуоти КДАМ.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.