Изҳороти кушоди ТҒД-и Тоҷикистон ба Медведеву Раҳмон

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар робита ба қазияи маҳкум шудани халабонони рус ва таъсири манфии он ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо як изҳороти кушод ба сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари барнома оид ба муҳоҷирати кории […]

Заррина Эргашева


Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар робита ба қазияи маҳкум шудани халабонони рус ва таъсири манфии он ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо як изҳороти кушод ба сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари барнома оид ба муҳоҷирати кории ТҒД «Маркази ҳуқуқи инсон» Нодира Абдуллоева хабар дод.

«Мо ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти судии кишвар муроҷиат намуда, дархост менамоем, ки барои таъмини ҳуқуқ ба адолати мурофиаи судии халабонон мутобиқи меъёрҳои Сарқонун, ҳуқуқи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин асноди байнлмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда чораҳо андешида шаванд», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, «бо назардошти иттилооти ВАО дар бораи маъракаи ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик, ТҒД-и Тоҷикистон ба президенти Русия Дмитрий Медведев ва дигар мақомоти дахлдори Русия муроҷиат намуда, дархост мекунад, ки ҳодисаҳои истирдоди муҳоҷирони корӣ набояд ба қазияи маҳкум шудани халабони рус дар Тоҷикистон рабт дода шаванд».

Ҳамчунин дар изҳорот аз намояндагии диломатӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия даъват карда мешавад, ки ҳодисаҳои ахири боздошти оммавии шаҳрвандони тоҷик дар Русия мавриди санҷиши дақиқ қарор дода шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.