Қазияи Шодиев: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муфаттиши шӯъбаи милиса

Нисбат ба муфаттиш Абдураҳмон Додов, ки масъули анҷом додани корҳои тафтишотии парвандаи сокини пойтахт Баҳромиддин Шодиев буду ахирӣ пас аз бозпурсӣ дар бемористон ба ҳалокат расид, мутобиқи моддаи 322, қ. 2 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеъи ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, айни замон корҳои тафтишотӣ идома […]

Наргис Ҳамробоева


Нисбат ба муфаттиш Абдураҳмон Додов, ки масъули анҷом додани корҳои тафтишотии парвандаи сокини пойтахт Баҳромиддин Шодиев буду ахирӣ пас аз бозпурсӣ дар бемористон ба ҳалокат расид, мутобиқи моддаи 322, қ. 2 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеъи ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, айни замон корҳои тафтишотӣ идома дошта, доираи шахсони дигаре низ муайян карда мешаванд, ки дар ин кор даст доранд.

«Рӯзҳои наздик мо хулосаи судиву тиббиро дастрас мекунем ва бо назардошти натоиҷи он, зарурати баргузории ташхиси мустақилро баррасӣ хоҳем кард», – гуфт вай.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дуздӣ баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.

 «Баҳромиддин Шодиев қаблан се бор маҳкум шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт гардид. Ҳамаи далелҳо исбот ва гумонбаршуда гуноҳи худро эътироф карда, далелҳои шайъӣ мусодира гардида буданд. Ҳангоми бозпурсӣ дар назди муфаттиш ӯ аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканд. Сипас ӯро ба бемористон мунтақил карданд. Пас аз чанде вазъи саломатии  ӯ беҳтар шуд, вале Шодиев бар асари бемории узвҳои дохилӣ ва касалии сил ба ҳалокат расид», – хабар дода буд ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Пас аз ин дар ВКД ҶТ оид ба ин қазия тафтишоти дохилӣ сурат гирифта, дар натиҷа се нафар кормандони ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур – кормандони фаврӣ майори милиса Диловар Муродов, капитани милиса Алишер Иноятов ва муфаттиш лейтенанти милиса Абдураҳмон Додов аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Ғайр аз ин, муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур подполковники милиса Илҳомҷон Каримов низ аз вазифааш озод карда шуда, сардори ШКД-и ин ноҳия полковники милиса Сафармад Одинаев, сардори шӯъбаи тафтишотӣ майори милиса Абдуқодир Назаров ва муовини ӯ лейтенати калони милиса Баҳодур Содиқов огоҳии қатъӣ гирифтанд.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.

Аз ҷумла дар изҳороти ташкилот гуфта мешуд, «эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад.  Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд».

Ҳодисаи ба ин монанд баҳори соли равон бо Сафаралӣ Сангов рух дод. Ӯ ҳам пас аз мунтақил шудан аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2-и пойтахт дар Маркази миллии тиббӣ фавтид. То ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда нисбат ба кормандони милисаи ин шӯъба – Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов идома дорад. Ҳар ду корманди милиса ба хунукназарӣ нисбат ба адои вазифаи худ айбдор карда мешаванд. Пас аз боздошти Сафаралӣ Сангов ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ӯ ба шӯъбаи эҳёгарӣ мунтақил шуда, дар он ҷо аз олам даргузашт. Хешовандони фавтида мегӯянд, ки ӯ бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҳалок шудааст. Дар навбати худ, кормандон милиса фавти ӯро ба худкушӣ нисбат доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.