Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангреза як автомашина ба рӯдхонаи Панҷ сарозер рафта, дар натиҷа як тан ҳалок ва ду нафар кӯдакон ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи сешанбе, 15-уми ноябри ҳафтаи равон, автомашинаи навъи ГАЗ-53, ки таҳти идораи сокини 37-солаи маҳаллӣ қарор доштааст, таҳти сангреза қарор мегирад. «Ҳодисаи мазкур дар километри 565-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар мавзеи Хехик-Хумроғӣ рух додааст», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашма, бар асари сангреза автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафта, яке аз мусофирони он дар рӯдхона ғарқ мешавад. «Ду нафар мусофиоони дигар, ки кӯдакони ноболиғ будаанд, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхона бистарӣ шудаанд», – гуфтанд дар ВКД.
Зимнан зикр гардид, ки худи ҳамон рӯз ҷасади ғарқшуда дарёфт гардида, ба кормандони милиса супорида шудааст.


