Сарозер рафтани автомашина ба рӯдхонаи Панҷ

Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангреза як автомашина ба рӯдхонаи Панҷ сарозер рафта, дар натиҷа як тан ҳалок ва ду нафар кӯдакон ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи сешанбе, 15-уми ноябри ҳафтаи равон, автомашинаи навъи ГАЗ-53, ки таҳти идораи сокини 37-солаи маҳаллӣ қарор […]

Наргис Ҳамробоева


Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангреза як автомашина ба рӯдхонаи Панҷ сарозер рафта, дар натиҷа як тан ҳалок ва ду нафар кӯдакон ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи сешанбе, 15-уми ноябри ҳафтаи равон, автомашинаи навъи ГАЗ-53, ки таҳти идораи сокини 37-солаи маҳаллӣ қарор доштааст, таҳти сангреза қарор мегирад. «Ҳодисаи мазкур дар километри 565-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар мавзеи Хехик-Хумроғӣ рух додааст», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои сарчашма, бар асари сангреза автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафта, яке аз мусофирони он дар рӯдхона ғарқ мешавад. «Ду нафар мусофиоони дигар, ки кӯдакони ноболиғ будаанд, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхона бистарӣ шудаанд», – гуфтанд дар ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки худи ҳамон рӯз ҷасади ғарқшуда дарёфт гардида, ба кормандони милиса супорида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.