Муассисаҳои тиббии Суғд бо 20 адад обкашҳои барқӣ таъмин мегарданд

Рӯзҳои наздик як қатор шӯъбаҳои наҷот ва мадҳушкунии муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо 20 адад обкашҳои барқӣ таъмин карда мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло дар вилояти Суғд 26 шӯъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ фаъолият доранд, ки дар он 148 нафар духтурон […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои наздик як қатор шӯъбаҳои наҷот ва мадҳушкунии муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо 20 адад обкашҳои барқӣ таъмин карда мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло дар вилояти Суғд 26 шӯъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ фаъолият доранд, ки дар он 148 нафар духтурон кор мекунанд. Дар шӯъбаҳои номбурда айни замон 82 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ мавриди истифода қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, соли 2011 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои харидорӣ намудани таҷҳизотҳои муосир 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба маблағи 27 000 сомонӣ як адад гастро-фиброскоп, бронхофиброскоп, колоноскоп, микроскопи отолорингологӣ ва як адад обкаши барқии ҷарроҳӣ харидорӣ карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар муассисаҳои тиббии  шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Хуҷанд, ҷамъ ба маблағи наздик ним миллион сомонӣ таҷҳизоти нави тиббӣ харидорӣ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.