Соли равон ИМА аз ҳама бештар ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона расонид

Дар моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон аз 39 кишвари дунё кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак беш аз 83 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 1334 тонна орд, 370 тонна равғани рустанӣ, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба малаги умумии 62,8 млн. $ , сарулибос ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон аз 39 кишвари дунё кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак беш аз 83 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 1334 тонна орд, 370 тонна равғани рустанӣ, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба малаги умумии 62,8 млн. $ , сарулибос ва пойафзол, дигар таҷҳизоти барқӣ ва компютерҳо ворид гардиданд.

Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 73,1%, Русия – 5,8%, Дания – 5,1% ва Чин – 3,7% рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.