Вакили парлумони Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор $ маош мегирад

Зимни шарҳи моҳияти ворид сохтани тағийроту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва МН МО ҶТ» ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бори нахуст аз ҳаҷми музди меҳнати намояндагони мардумӣ ошкоро ҳарф зад. Ба гуфтаи вай, аввали соли равон ҳаҷми музди меҳнати вакилони парлумони кишвар […]

Аваз Юлдошев


Зимни шарҳи моҳияти ворид сохтани тағийроту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва МН МО ҶТ» ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бори нахуст аз ҳаҷми музди меҳнати намояндагони мардумӣ ошкоро ҳарф зад.

Ба гуфтаи вай, аввали соли равон ҳаҷми музди меҳнати вакилони парлумони кишвар 3 ҳазору 300 сомониро ташкил медод, вале бо назардошти афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи буҷавӣ аз 1-уми сентябри соли равон, ҳаҷми он ба 4 ҳазору 950 сомонӣ баробар шуд.

«Дар ҳамин ҳол, аз ин ба баъд имтиёзоти иҷтимоии вакилон қариб ду баробар коҳиш меёбанд. Агар қаблан вакилон пас аз анҷоми ваколат ба гирифтани музди меҳнати вакилӣ ба муддати 6 моҳ то пайдо кардани ҷойи кори дигар ҳуқуқ доштанд, акнун он то ба се моҳ кам гардид», – гуфт ӯ.

Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, ки мебояд тағйироте ворид намуд, ки мутобиқи он мақомоти давлатӣ барои ба собиқ вакилони парлумон пешниҳод намудани мансаби ба вакили мардумӣ баробар муваззаф гарданд.

Дар навбати худ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қотеъона бо чунин тағйирот розӣ набудани худро изҳор дошта, гуфт, ки «чанде аз собиқ намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пас аз анҷоми ваколаташон барои худ кори арзандае пайдо карда наметавонанд». «Ман ҳатто собиқ вакилеро медонам, ки имрӯз аз ночорӣ таксиронӣ мекунад», – иброз дошт номбурда.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳодоти мазкурр қабул накарда, изҳор дошт, ки «агар ҳукумат барои бо ҷойи кори баробар таъмин кардани ҳар як мансабдори давлатии аз вазифа сабукдӯшшуда муваззаф гардад, пас ҳар як вазир низ пас аз сабукдӯш шудан аз мансаб, вазифа ва маоши муносибу баробар ба онро тақозо хоҳад намуд, ки ин ба хараҷу мараҷ оварда мерасонад».

Аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат ба ин қонун бпешниҳодшуда бо аксари кулли раъйи вакилон маъқул шуморида шуданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.