Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ҳудуди 9%-ро ташкил дод

Тайи моҳҳои январ-октябри соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8,9%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 9,9% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 6,2% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 9,9% зиёд шудаанд. Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши […]

Пайрав Чоршанбиев


Тайи моҳҳои январ-октябри соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8,9%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 9,9% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 6,2% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 9,9% зиёд шудаанд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,9% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,8%)-ро ташкил дод.

Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол сатҳи таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.

Хазинаи байнулмилалии асъор пешбинӣ мекунад, ки имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 13,5%-ро ташкил дод. Соли гузашта сатҳи таваррум ба 9,8% баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи октябр 121 сомонӣ (25,4 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 257 сомонӣ (54,1 $)-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.