Кумаки ҳукумати Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда

Date:


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа марказҳои мусоидат ва кумак боз намуд. Ин марказҳо ба муҳоҷирон кумаки таъҷилии равонӣ расонида, барои таъмин бо ҷойи кор мусоидат мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, дар марказҳои мазкур ба муҳоҷирони аз Русия рондашуда дар омӯзишу азхудкунии касб, дастрасӣ ба қарзҳои хурди бонкӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат низ ёрӣ расонида мешавад.

Марказҳои мазкур дар шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Навоӣ 5/6, Хуҷанд – дар бинои Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппа – дар кӯчаи Ф. Саидов, 3-а ҷойгир шудаанд.

Барои таъмини муҳоҷирони кории аз Русия баргашта бо ҷойи кор дар қаламрави Тоҷикистон дар шабакаи Интернет сомонаи

www.kor.tj

 ташкил карда шудааст, ки дар он тамоми ҷойҳои кории холӣ дар ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ рӯзи ахир аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ронда шуданд.

2 КОММЕНТАРИИ

  1. Мухочирони РОССИЯ

    Ман мехохам ки Шахрвандони мо ба РОССИЯ ба мухочирати мехнати мераванд ХУКУКХОИ мо дар он чо баланд бардошта шавад МАН АЗ ШАХРИ КОНИБОДОМАМ дар Гимназияи раками 1 дар синфи 11 мехонам ИЛТИМОС чавобашро нависед МОДАРАМ ВА БАРОДАРАМ ХАМ ДАР мухочирати мехнати дар Федератсияи РОССИЯ

  2. Посух

    Бародар. Албатта, мо хохони онем, ки хамаи шахрвандони точик дар Русия ба таври шоиставу арзанда зиндаги кунанду хукухояи шахрвандиашон риоя шавад. Вале афсус, ки ин ба мо вобаста нест. Мо муовики имкон маколаву хабар дар ин бора нашр карда, таваччухи хукуматдорони кишварро ба мушкилоти мухочирон чалб месозем.
    Боки, барори кор!

Leave a Reply to Мансурчон Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...