Кумаки ҳукумати Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа марказҳои мусоидат ва кумак боз намуд. Ин марказҳо ба муҳоҷирон кумаки таъҷилии равонӣ расонида, барои таъмин бо ҷойи кор мусоидат мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ хабар […]

Аваз Юлдошев


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа марказҳои мусоидат ва кумак боз намуд. Ин марказҳо ба муҳоҷирон кумаки таъҷилии равонӣ расонида, барои таъмин бо ҷойи кор мусоидат мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, дар марказҳои мазкур ба муҳоҷирони аз Русия рондашуда дар омӯзишу азхудкунии касб, дастрасӣ ба қарзҳои хурди бонкӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат низ ёрӣ расонида мешавад.

Марказҳои мазкур дар шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Навоӣ 5/6, Хуҷанд – дар бинои Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппа – дар кӯчаи Ф. Саидов, 3-а ҷойгир шудаанд.

Барои таъмини муҳоҷирони кории аз Русия баргашта бо ҷойи кор дар қаламрави Тоҷикистон дар шабакаи Интернет сомонаи

www.kor.tj

 ташкил карда шудааст, ки дар он тамоми ҷойҳои кории холӣ дар ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ рӯзи ахир аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ронда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.