Омодагирии барқчиёни Суғд ба мавсими тирамоҳу зимистон

Date:


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо шабакаҳои барқи вилоят дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 19 адад трансформаторҳоро барои камбор намудани трансформаторҳои сербор васл намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, инчунин 12 адад трасформатори иловагӣ васл гардида, 1,7 км хатти барқи ҳавоӣ, 28 км хатҳои бурришашон хурд ба симҳои бурришашон калон иваз гардидан, 3,8 км хатҳои кабелӣ таъмир ва барқарор шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Қайроққум» 51 тонна равғани турбинӣ ворид шуда, агрегати шашуми нерӯгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Ҳоло барои шабакаҳои барқии вилоят 195,5 тонна равғанӣ трансформаторӣ дархост шудааст, ки аз он ба шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят 73,5 тонна ворид гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистони имсола аз тамоми имкониятҳои мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят самаранок истифода менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...