Омодагирии барқчиёни Суғд ба мавсими тирамоҳу зимистон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо шабакаҳои барқи вилоят дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 19 адад трансформаторҳоро барои камбор намудани трансформаторҳои сербор васл намуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, инчунин 12 адад трасформатори иловагӣ васл гардида, 1,7 км хатти барқи ҳавоӣ, 28 км хатҳои бурришашон хурд ба симҳои […]

ASIA-Plus


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо шабакаҳои барқи вилоят дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 19 адад трансформаторҳоро барои камбор намудани трансформаторҳои сербор васл намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, инчунин 12 адад трасформатори иловагӣ васл гардида, 1,7 км хатти барқи ҳавоӣ, 28 км хатҳои бурришашон хурд ба симҳои бурришашон калон иваз гардидан, 3,8 км хатҳои кабелӣ таъмир ва барқарор шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Қайроққум» 51 тонна равғани турбинӣ ворид шуда, агрегати шашуми нерӯгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Ҳоло барои шабакаҳои барқии вилоят 195,5 тонна равғанӣ трансформаторӣ дархост шудааст, ки аз он ба шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят 73,5 тонна ворид гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистони имсола аз тамоми имкониятҳои мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят самаранок истифода менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.