Ҳавопаймои дар Кобул боздоштшуда воқеан ҳам ба ширкати Rolkan тааллуқ дорад

Ҳавопаймои Ан-74, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул боздошт шудааст, воқеан ҳам ба ширкати Rolkan Investments Ltd тааллуқ дорад. Бинобар нодуруст нишон додани навъи ҳавопаймо, мақомоти раҳбарии ширкати мазкур танҳо чанде қабл ошкор сохтааст, ки ҳавопаймо воқеан ҳам моли ширкати онҳо буда, дар Кобул боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад. Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ […]

ASIA-Plus


Ҳавопаймои Ан-74, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул боздошт шудааст, воқеан ҳам ба ширкати Rolkan Investments Ltd тааллуқ дорад. Бинобар нодуруст нишон додани навъи ҳавопаймо, мақомоти раҳбарии ширкати мазкур танҳо чанде қабл ошкор сохтааст, ки ҳавопаймо воқеан ҳам моли ширкати онҳо буда, дар Кобул боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ Валерий Пфефер дар робита ба ин масъала гуфтааст, «ин ҳавопаймои мо аст. Ҳангоме тамғаи ҳавопайморо Ан-72 гуфтанд, як нофаҳмӣ ба вуҷуд омад, зеро мо чунин навъи ҳавопаймоҳо надорем. Ҳавопаймои навъи Ан-74 воқеан ҳам ба ширкати мо тааллуқ дошта, чун ҳавопаймоҳои боздоштшуда дар Тоҷикистон ба ширкати «Аэроспейс» ба иҷора дода шуда буд».

Қобили зикр аст, ки субҳи 16-уми ноябр дар расонаҳои хабарӣ иттилоъ пахш шуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ҳавопаймои русиягии Ан-74 боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои мазкур бо фармони вазири нақлиёти Афғонистон боздошт шудааст. Вазир гуфтааст, гӯё ин ҳавопаймо ба убури қаламрави Афғонистон ҳуқуқ надоштааст.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.