Ҳисоботи телефонии раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ба сарвари давлат

Чанде қабл раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Хуросон Имрўз ба резиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд . Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зикр гардид, ки шаҳру ноҳияҳои мазкур соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, пеш аз ҳама  муассисаҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Хуросон Имрўз ба резиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд

.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зикр гардид, ки шаҳру ноҳияҳои мазкур соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, пеш аз ҳама  муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мавсими зимистон хуб омода намудаанд ва барои идомаи кишти такрори ва анҷом додани киштукори тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба қафомонии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Ёвону Хуросон аз нақшаи киштукори тирамоҳӣ барои тезондани суръати кор ба роҳбарияти ин шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда пурраю беталаф ҷамъоварӣ карда шавад ва барои саривақту босифат анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз ҳар рўзи офтобӣ ва обу ҳавои мусоид  пурсамар истифода намоянд.

Ҳамчунин доир ба оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.