Ирсоли парвандаи халабонон барои бознигарӣ

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба халабонони хавопаймоҳои ширкати «Rolkan Investments Ltd» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳукми 8,5 соли зиндон содир намуда буд, парвандаи мазкурро имрӯз ҷиҳати бознигарӣ ба зинаи болоӣ – Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон ирсол кард. Чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба ин ҳукм эътироз […]

Сайраҳмон Назриев


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба халабонони хавопаймоҳои ширкати «Rolkan Investments Ltd» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳукми 8,5 соли зиндон содир намуда буд, парвандаи мазкурро имрӯз ҷиҳати бознигарӣ ба зинаи болоӣ – Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон ирсол кард.

Чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба ин ҳукм эътироз оварда, онро басо сангин унвон кард ва изҳор дошта буд, ки он ба манфиатҳои кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон, ки маҳкумшудагон шаҳрвандони ин давлатҳоянд, ҷавобгӯ нест.

«Мӯҳлати эълони натиҷаҳои бознигарии парванда ҳанӯз маълум нест», – гуфт як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.