Қисмате аз маводи парвандаи халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments Ltd Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки ба мудири кулли ширкат Сергей Порлуянов дахл дорад, як моҳ пештар боздошта шуд, – гуфта мешавад дар иттилои расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
«Рӯзҳои ахир дар васоити ахбори умум перомуни боз гардидани парвандаи нав нисбат ба шаҳрванди Русия – роҳбари ширкати Rolkan Investments Ltd Сергей Полуянов ва ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кардани ӯ барои ғайриқонунӣ сарҳадро убур кардани ҳавопаймоҳои ширкат хабарҳо пайдо шуданд, ки асоси воқеӣ надоранд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.
Дар идома хабар дода мешавад, ки 6 моҳ қабл, яъне 12-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби шӯъбаи татфтишоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон «нисбат ба В.Садовничий ва дигарон танҳо як парвандаи ҷиноӣ боз гардид». «То имрӯз оид ба ин далел дигар парвандаҳо боз нашудаанд», – таъкид мегардад дар иттилои расмӣ.
Дар иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки тибқи парвандаи ҷиноии дар боло зикршуда В.Садовничий ва А.Руденко ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Нисбат ба шаш нафар халабонони дигар – шаҳрвандони Русия, Белорус, Украина ва Қазоқистон қисмате аз маводи парвандаи ҷиноӣ аз истеҳсолот боздошта шуда, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.


