Вохӯрии директори АНМН бо сафири Чин

Чанде қабл мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфт.

Дар ҷараёни мулоқот Рустам Назаров ба ҳукумати Чин барои мусоидат ба омӯзиши 15 нафар кормандони агентӣ дар ин кишвар аз 30-юми октябр то 15-уми ноябр ва расонидани кумаки техникӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва бо мақсади баланд бардоштани имконоти мубориза бо ҷинояткорӣ Чин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кумаки техникӣ пешниҳод менамояд.

Ғайр аз ин, дар ҳамдастӣ бо Вазорати тартиботи ҷамъиятии Чин оид ба беҳбуд бахшидан ба сатҳи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонон як қатор лоиҳаҳо низ амалӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.