Ҳалокати афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар садамаи нақлиёт

Date:


Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷанби кишвар як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 17-уми ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст.

«Ронандаи автомашинаи тамғаи «SsangYong Korando», фармондеҳи взводи қисми низомии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Фаррухҷон Муллоеви 26-сола ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сармантой ба маркази ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба як бинои назди роҳ бармехӯрад», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ҷароҳатҳои бардошта афсар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ВКД, соли равон дар Тоҷикистон 376 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 376 нафар ҳалок (дар ҳамин давраи соли гузашта – 344 тан) ва 142 нафар (ҳамин давраи соли газашта – 166 тан) ҷароҳат бардоштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...