Оғози баррасии парвандаи собиқ раиси филиали «Ориёнбонк» дар Мӯъминобод

Баррасии парвандаи собиқ раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи олии ҶТ хабар доданд, Рустамов мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (омодагӣ ба ҷиноят ё суиқасд ба ҷиноят), моддаи 104, қ. 2, б. «а», «е», «ж», «з», «и», «к» (одамкушӣ) ва моддаи 195 қ. 3 (ғайриқонунӣ нигоҳ […]

Наргис Ҳамробоева


Баррасии парвандаи собиқ раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи олии ҶТ хабар доданд, Рустамов мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (омодагӣ ба ҷиноят ё суиқасд ба ҷиноят), моддаи 104, қ. 2, б. «а», «е», «ж», «з», «и», «к» (одамкушӣ) ва моддаи 195 қ. 3 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳаи оташфишон)-и КҶ ҶТ муттаҳам карда мешавад.

Тибқи баъзе маълумот, Рустамов ба ташкил крдани суиқасд ба ҷони яке аз собиқ қумондонҳои маъруфи Фронти халқӣ ва ҷонибдорони ӯ низ айбдор карда мешавад.

Моҳи июли соли равон хешовандони Рустамов аз ногаҳон бедарак шудани ӯ хабар доданд. Баъдтар маълум шуд, ки Рустамов баъди бетартибиҳои рухдода дар шаҳри Кӯлоб пас аз вохӯрии дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе боздошт шуда, гӯё ӯ дар созмон додани ин бетартибиҳои оммавӣ даст доштааст.

Аммо он вақт муовини додситони шаҳри Кӯлоб Озар Исоев ба рӯзномангорон дар робита ба ин масъала изхор карда буд, ки миёни 16 нафари боздоштшуда ба гумони даст доштан дар бетартибиҳо Рустамов ҳузур надорад.

Моҳи июл зимни нишасти хабарӣ Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода гуфт, Сафармад Рустамов ба гумони содир намудани авбошӣ ба ҳабс гирифта шудааст. «Қаблан ӯ дар суиқасд ба куштор айбдор карда мешуд, – гуфта буд он замон Шерхон Салимзода. – Сипас ин айбномаҳо нисбат ба ӯ бекор карда шуданд. Айни замон ӯ ба авбошӣ муттаҳам карда мешавад».

Чунин бармеояд, ки дар ҷараёни тафтишот  ҳолатҳои нави айбдории Рустамов дар куштор ошкор гардида, моддаи «авбошӣ» бошад, бекор гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.