Тоҷикистону Покистон ба густариши муносибатҳо изҳори омодагӣ карданд

Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Аламгир Бабар доир гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳангоми сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иттилои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Аламгир Бабар доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳангоми сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, А. Бабар иброз дошт, ки ҳарду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд имкониятҳои ниҳоят фаровон доранд ва бояд дар соли оянда тамоми кӯшиш ба ин самт равона гардад.

Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо дар мавзӯи ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, тақвияти ҳамкориҳои миёни сохторҳои қудратӣ, ташкили хати парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод табодули назар карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва дар охири соли 2012 дар Исломобод созмон додани ҷаласаи кории онро мувофиқи мақсад донистанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.