Эмомалӣ Раҳмон олимонро бо ҷашни 60-солагии Академияи улум табрик кард

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили ҷашни 60-умин солгарди таъсиси Академияи улуми Тоҷикистон, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гард, иштирок ва суханронӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷумҳуриро бо ин санаи фархунда […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили ҷашни 60-умин солгарди таъсиси Академияи улуми Тоҷикистон, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гард, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷумҳуриро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар ба ҷорисозии дастовардҳои илми тоҷик ба рушди иқтисод, саноат ва дигар бахшҳои истеҳсолот таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созанд. Дар суханронии сарвари давлат ҳамчунин густариши робитаҳои байнулмилалии илмӣ низ таъкид гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси ботантана натанҳо намояндагони аҳли илму зиё, эҷодкорон ва ҳунармандони пойтахт, балки тамоми манотиқи кишвар гирдиҳам омаданд.

Пас аз маҷлиси ботантана консерти пуршукӯҳи устодони ҳунари Тоҷикистон баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки Академия улуми Тоҷикистон соли 1951 дар заминаи филиали тоҷикистонии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Соли 1991 аз 3 шӯъба ва 19 муассисаи илмӣ иборат буд.

Моҳи сентябри соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукуматро дар бораи ислоҳоти сохтори Академияи улуми кишвар ба имзо расонид.

Мутобиқи қарори мазкур, як қатор воҳидҳои  ва сохторҳои тобеъи Академияи улум муттаҳид гардиданд. Ҳамчунин шумори ҳайати шахсии Президиуми Академияи улуми ҶТ аз 11 то 9 нафар ва ҳайати шахсӣ (штат)-и Академияи улум аз 70 то 50 нафар кам карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.