Сафари ҳайати ҲНИТ ба Русия ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирон

Date:


Пас аз содир кардани изҳорот нисбат ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди маҳкум гардидани халабониҳои ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестмент» ва пазируфта нашудани пешниҳодоти роҳбарияти ҳизб дар бораи ташкили гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва сафарбарии он ба Русия, роҳбарияти ҲНИТ як ҳайати ҳизбро бо шумули Сайидумари Ҳусайнӣ, муовини авали раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва Абдуқаҳҳори Давлат, раиси шӯъбаи равобити хориҷии ҲНИТ ба Русия сафарбар намуд.

 Тавре аз қароргоҳи расмии ҲНИТ хабар доданд, ҳайат бо сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия А. Достиев мулоқот намуда, вазъияти пешомадаро мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд. С. Ҳусайнӣ аз ба ҳам кардани  қазияи ҳуқуқии халабонҳои рус ва қазияи муҳоҷирин изҳори нигаронӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки ин масъалаҳо бояд аз ҳам ҷудо мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Дар зимн таъкид карда шуд, ки ҳайати ҲНИТ қарор аст, бо созмону марказҳои ҷамъиятиву фарҳангии тоҷикон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Русия, шахсиятҳо ва рӯҳониён ин кишвар мулоқот намояд. Сафири ҶТ дар Маскав низ аз ин иқдом дастгирӣ намуда, дар ин шабурӯз сафари чунин ҳайатҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин ҳайати ҲНИТ бо имомхатиби бузургтарин масҷиди шаҳри Маскав дар Проспект Мир дидору мулоқот намуда, атрофи вазъияти ба амаломада табодули афкор намуданд. Имомхатиб бо изҳори таассуф аз мушкили болои тоҷикон омада, гуфт, мо омодаи ҳамагуна кӯмакҳо барои бародарони тоҷикамон ҳастем. Ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин вазъият муваққатӣ буда, рӯзҳои наздик тамом хоҳад шуд.

Дар идома мулоқоти ҳайати ҲНИТ бо муҳоҷирини тоҷик дар «Проспект Мир» баргузор гардид, ки дар он шумори зиёди ҳамватанонамон ширкат варзиданд. Муҳоҷирини тоҷик нороҳатии худро аз амалкардҳои ахири мақомоти Русияву Тоҷикистон иброз дошта, худро қурбонии сиёсатҳои нодурусти мақомот номиданд.

Дар идомаи сафар ҳайати ҲНИТ бо М. Салоҳиддин, роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои ҷамъиятии «Собрания»-и Русия вохӯрӣ намуда, вазъияти муҳоҷирини тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд. М. Салоҳиддин низ барои ҳамкориву мусоидат ба муҳоҷирини тоҷик изҳори омодагӣ намуд. Сипас дар толори Асотсиатсия мулоқоти ҳайат бо роҳбарони марказҳо ва ташкилотҳои фарҳангиву ҷамъиятии тоҷикони муқими шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар ибтидо баъдри муаррифиву шиносоӣ С. Ҳусайнӣ аҳдофи сафар ба Русияро тавзеҳ дода, бетараф набудани ҲНИТ-ро нисбати тақдири муҳоҷирон эълом кард. Ва ҳамзамон дар бораи иқдомҳои ҲНИТ барои кам кардани шиддати фишор болои муҳоҷирин ёдовар шуда, гуфт, яке аз ҳадафҳои сафари ҳайати мо низ расонидани кӯмак ба муҳоҷирин ва кам кардани ин шиддат аст.

Мулоқоти дигари ҳайат дар бозори мавсум бо «Теплый стань», ки боздошти зиёди муҳоҷирини мо низ дар ин бозор сурат гирифта буду ҳанӯз ҳам иддае аз онҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд, баргузор гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related