Шохаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа тарконида шуд

Дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа дар қаламрави Ӯзбекистон таркиш ба вуқӯъ пайваст, – хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Подробно»-и Ӯзбекистон. Дар иттилоъ гуфта мешавад, шаби 16 ба 17-уми ноябр дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ғалаба-Амузанг) таркиш рух додааст. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Ӯзбекистон, фарзияи […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа дар қаламрави Ӯзбекистон таркиш ба вуқӯъ пайваст, – хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Подробно»-и Ӯзбекистон.

Дар иттилоъ гуфта мешавад, шаби 16 ба 17-уми ноябр дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ғалаба-Амузанг) таркиш рух додааст. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Ӯзбекистон, фарзияи асосии ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса амали террористӣ унвон мешавад.

Бо мақсади ошкор сохтани сабабҳои ин ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон чорабиниҳои зарурии фавриву тафтишотӣ анҷом дода истодаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 17-уми ноябр ҶСК «Роҳи оҳани Русия» хабар дода буд, ки бинобар манъи ҳаракати қатораҳо дар қитъаи Ғалаба-Амузани роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа, фурӯши билетҳо ба хатсайрҳои марбут ба ин самти ҳаракат, аз ҷумла қатораи рақами 329/330-и хатсайри Маскав-Кӯлоб муваққатан манъ карда мешавад.

Дар навбати худ, муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки «ҳаракати қатораҳо тавассути хатсайри Кӯлоб-Маскав мисли пешин идома доранд».

Қобили зикр аст, ки масофаи хатсайри роҳи оҳани Тирмиз_Қӯрготеппа 218 километрро ташкил дода, он аз соли 1974 мавриди истифода қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.