Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ба Минск рафт

Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари серӯзаи корӣ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Белорус генерал-лейтенант Юрий Жадобини дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Белорус […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари серӯзаи корӣ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Белорус генерал-лейтенант Юрий Жадобини дидору гуфтушунид хоҳад кард.

«Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Белорус баррасии масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомиву техникӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар назар аст», – гуфт Ф.Маҳмадалиев.

Ба қавли номбурда, дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор қисмҳои низомии Қувваҳи Мусаллаҳи Белорус низ боздид хоҳад кард.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.