43%-и русиягиҳо узвияти Тоҷикистон ба Фазои ягонаи иқтисодиро мепазиранд

Тибқи маълумоти таҳқиқоти Бунёди «Афкори умум», 43%-и русиягиҳо узвияти Тоҷикистону Қирғизистон ба Фазои ягонаи иқтисодиро мепазиранд. Гуфта мешавад, 35% шаҳрвандони пурсидашудаи Русия ба ин масъала назари манфӣ доранд ва 24% дар посух ба ин суол мушкилӣ кашидаанд. Тавре аз назарсанҷии бунёди мзкур бармеояд, агар доираи кишварҳои узви Фазои ягонаи иқтисодӣ тавсеъа ёбад, ба он Украина […]

Пайрав Чоршанбиев


Тибқи маълумоти таҳқиқоти Бунёди «Афкори умум», 43%-и русиягиҳо узвияти Тоҷикистону Қирғизистон ба Фазои ягонаи иқтисодиро мепазиранд.

Гуфта мешавад, 35% шаҳрвандони пурсидашудаи Русия ба ин масъала назари манфӣ доранд ва 24% дар посух ба ин суол мушкилӣ кашидаанд. Тавре аз назарсанҷии бунёди мзкур бармеояд, агар доираи кишварҳои узви Фазои ягонаи иқтисодӣ тавсеъа ёбад, ба он Украина (24%), Арманистон (19%), Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон (15%-ӣ), Озарбойҷон (14%), Туркманистн ва Молдова (23%-ӣ) шомил мегарданд. Шомил шудани Гурҷистону Латвияро – 6%, Литваро – 5% ва Эстонияро – 4%-и пурсидашудагон имконпазир донистаанд. Дар ҳамин ҳол, 13%-и пурсидашудагон бар ин назаранд, ки доираи кишварҳои узви Фазои ягонаи иқтисодӣ тавсеъа нахоҳад ёфт.

Бино ба маълумоти таҳқиқот, 61%-и шаҳрвандони пурсидашудаи Русия ҷонибдор ва 20% муқобили муттаҳид шудани собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

Ахири моҳи октябр нахуствазири Русия Владимир Путин изҳор кард, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил шуда метавонанд.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, дар Маскав сарони кишварҳои Русияву Белорус ва Қазоқистон дар бораи таъсиси Фазои ягонаи иқтисодӣ як силсила аснод ба имзо расониданд. Дар Кохи Кремл Дмитрий Медеведев, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев зери Эъломия дар бораи Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ, Шартнома дар бораи Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ ва регламенти кори он имзо гузоштанд. Ҳадафи ниҳоии имзои Эъломия дар бораи Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ таъсиси Фазои ягонаи иқтисодии кишварҳо унвон мешавад.

Акс аз www.econ.spbu.ru 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.