Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат иҷро шуд

Date:


Айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 100% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар иҷро шуд.

Ба қавли вай, айни замон даъватшудагон дар курсҳои махсуси ҷанговарони ҷавон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, чанде аз онҳо савганди ҳарбӣ ба Ватан ёд карданд.

Қобили зикр аст, ки даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон маъмулан аз 1 октябр то 30 ноябр сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои ба таъхир гузоштан ё озод будан аз хизмат ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Раҳбарии Комисиияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбиро муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова бар ӯҳда дошт. Ба ҳайси муовини ӯ сардори Раёсати ташкиливу сафарбарии Ситоди кулли Вазорати мудофиа полковник Хушвақт Мироваров таъин гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...