Нигаронии медиа-созмонҳои Тоҷикистон аз ҳадди зиёд сиёсӣ кардани масоили муҳоҷират

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Медиа-алянси Тоҷикистон аз намояндагони васоиту ахбори умум ва журналистон даъват ба амал меоварад, ки аз истифодаи ҳарфи душманона худдорӣ варзида, дар инъикоси масоили муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо аз шеваи сиёсати хушмуомилагиву хушбаёнӣ ва дурустрафторӣ кор гиранд. Тавре дар изҳороти чанде қабл интишоршудаи […]


Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Медиа-алянси Тоҷикистон аз намояндагони васоиту ахбори умум ва журналистон даъват ба амал меоварад, ки аз истифодаи ҳарфи душманона худдорӣ варзида, дар инъикоси масоили муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо аз шеваи сиёсати хушмуомилагиву хушбаёнӣ ва дурустрафторӣ кор гиранд.

Тавре дар изҳороти чанде қабл интишоршудаи медиа-созмонҳои Тоҷикистон гуфта мешавад, дар робита ба ҳукми додгоҳӣ нисбат ба парвандаи халабони рус Владимир Садовничий ва эстон Алексей Руденко дар Тоҷикистон ва ҳадди зиёд сиёсӣ кардани ин қазия , айни замон масъалаҳои муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо хеле муҳиму рӯзмарранд.

«Мутааасифона, вазъият аз доираи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо ҷалби расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Изҳороти номатлуб, ҳатто таҳқиру тавҳин ва даъватҳои моҷароҷӯёна ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва неруҳои геополитикии беруна аст», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Мақомоти раҳбарии созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват намуданд, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.


Акс аз www.newsfromweb.ru

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.