Семинари омӯзишиии сафорати Фаронса барои кормандони АНМН

Аз  21 то 24  ноябри соли  2011 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯъи “Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ” баргузор мегардад, ки аз ҷониби Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар рафти семинар кормандони дастгоҳи марказии […]

ASIA-Plus


Аз  21 то 24  ноябри соли  2011 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯъи “Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ” баргузор мегардад, ки аз ҷониби Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар рафти семинар кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири назди Префектураи политсияи шаҳри Париж масъалаҳои шаклу усули ошкор намудани ҷиноятҳо ва такмили механизмҳои тафтишоти ҷиноятҳои мухаддиротиро  муҳокима менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати гурӯҳи фаронсавиро  ҷаноби Пушэрэ Пер – намоянда оид ба масъалаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса дар Осиёи Марказӣ роҳбарӣ менамояд.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷоми семинар ба иштироккунандагони он сертификатҳои махсус супорида мешаванд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.