Мақомоти додситонӣ озодии халабононро дархост кард

Дар ҷараёни баррасии парвандаи халабонон – шаҳрвандони Русия Владимир Садовничий ва Эстония Алексей Руденко аз ҷониби Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон намояндаи мақомоти додситонии вилоят барои халабонон ҳукми маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати  2 солу 6 моҳу 14 рӯзро дархост кард. Ва бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Дар ҷараёни баррасии парвандаи халабонон – шаҳрвандони Русия Владимир Садовничий ва Эстония Алексей Руденко аз ҷониби Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон намояндаи мақомоти додситонии вилоят барои халабонон ҳукми маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати  2 солу 6 моҳу 14 рӯзро дархост кард. Ва бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз 6 моҳ дар маҳбас қарор доштанашон, аз толори додгоҳ озод кардани онҳоро дархост намуд.

Айни замон Ҳайати мушовраи додгоҳи вилояти Хатлон оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ба утоқи машварат хориҷ шуд. Қарор дар нимаи дуюми рӯз эълон хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.