Интихоби раиси ҲНИТ ба ҳайси яке аз муовинони комиссияи Маҷмаъи бедории исломӣ

Чанде қабл дар шаҳри Теҳрон нишасти аввалини Шўрои машваратии Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ (МҶБИ) баргузор гардид, ки дар кори он раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ ширкат намуд. Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри ҳамин сол бо ширкати беш аз 800 нафар андешамандону сиёсатмадорон ва шахсиятҳои саршиноси саросари ҷаҳон дар Теҳрон ҳамоиши чашмгире баргузор гардид […]


Чанде қабл дар шаҳри Теҳрон нишасти аввалини Шўрои машваратии Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ (МҶБИ) баргузор гардид, ки дар кори он раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ ширкат намуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри ҳамин сол бо ширкати беш аз 800 нафар андешамандону сиёсатмадорон ва шахсиятҳои саршиноси саросари ҷаҳон дар Теҳрон ҳамоиши чашмгире баргузор гардид ва ширкатдорони он ба ин қарор расиданд, ки созмонеро бо номи Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ (МҶБИ) таъсис бидиҳанд. Ва ҳамин тариқ Алиакбар Вилоятӣ, мушовири байналмиллалии Раҳбари ҶИИ ва собиқ вазири хориҷии ин кишвар, дабири кулли ин созмон интихоб гардид.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, пас аз ду моҳ, яъне 19-ми ноябр, аввалин шўрои машваратии ин созмони байналмиллалӣ даъват шуд, то масоили ташкилӣ ва сохтории онро баррасӣ намуда, тасмимҳои лозимаро бигирад. Бо пешниходи дабирхонаи МҶБИ, 25 нафар аз шахсиятҳо ба намояндагӣ аз миллату кишварҳои ҷаҳон тайи ду рўз лоиҳаи сохтор ва санадҳоро таҳия намуданд, ки барои омўзиш ва такмил дар ихтиёри аъзои созмон қарор хоҳанд гирифт. Тибқи фармудаи лоиҳаҳо, МҶБИ дар ду сол як маротиба ва маҷлиси шўрои он дар ҳар 6 моҳ як маротиба гирдиҳам меоянд. Маҷлиси шўрои МҶБИ аз 30 чеҳраи маъруфи ҷаҳони Ислом интихоб мешаванд, ки намояндагии тамоми минтақа ва миллатҳоро хоҳанд дошт.

Аъзои шўрои машваратӣ ду комиссияи тахассусиро ташкил доданд, ки яке масъулияти муъайян кардани сохтор ва ҳадафҳои созмонро дорад ва дигаре масъули омода кардани барномаҳои иҷроии онро. Муҳиддин Кабирӣ, муъовини раиси комиссияи аввалӣ интихоб гардид, ки роҳбарии онро шайх Қосим Наъим, муъовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба уҳда дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.