Дар Тоҷикистон 412 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 412  ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 105%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ҳудуди 271,1 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 4,1% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 70 ҳазор тонна бештар […]


То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 412  ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 105%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ҳудуди 271,1 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 4,1% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 70 ҳазор тонна бештар мебошад.

Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз 114,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз нақша 8,9% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи хамин давраи соли гузашта 22 ҳазор тонна бештар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ наздик ба 26 ҳазор тонна пахта ғунучин шудааст, ки аз нақша 6,2% зиёдтар аст.

Соли равон дар Тоҷикистон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона пешбинӣ шуда буд. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.

Соли равон ғунучини ҳосили пахта аввали моҳи сентябр огоз гардид. Соли гузашта бошад, бинобар номусоидии обуҳаво ғунучини ҳосил хеле дертар шурӯъ гардида буд.

Соли ҷорӣ дар майдони 205 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме зиёдтар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.