Cуди иқтисодии Суғд даъвои БАТР оид ба рӯёнидани 1,1 млн. $-ро қонеъ кард

Суди иқтисодии вилояти Суғд даъвои Бонки аврупоии таҷдиду рушд нисбат ба се корхонаи саноатӣ оид ба баргардонидани қарз др ҳаҷми 1 млн. 119 ҳазор доллар ИМА-ро қонеъ сохт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мавҷуда Шарифова хабар дод, дар аризаи даъвогӣ, ки БАТР моҳи апрели соли равон ба суд пешниҳод кард, […]


Суди иқтисодии вилояти Суғд даъвои Бонки аврупоии таҷдиду рушд нисбат ба се корхонаи саноатӣ оид ба баргардонидани қарз др ҳаҷми 1 млн. 119 ҳазор доллар ИМА-ро қонеъ сохт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мавҷуда Шарифова хабар дод, дар аризаи даъвогӣ, ки БАТР моҳи апрели соли равон ба суд пешниҳод кард, зикр мегардад, ки моҳи котябри соли 2007 ва моҳи майи соли 2009 бонк ба ҶСК «Лаъл» (Хуҷанд) ду маротиба мутаносибан дар ҳаҷми 2,1 ва 1 млн. доллари ИМА қарз додааст. Қарзи аввал барои харидориву насби таҷҳизот барои истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, беҳбуди ниоми таъминот бо барқ, бозтавили қарз дар назди ҶСК «Эсхата», таҷдиди истеҳсолоти асосӣва қарзи дуввум баҳри эҳтиёҷоти сармояи гардишӣ равона гардида буд. Зимни гирифтани қарз амволи ҶСК «Лаъл» ба гарав гузошта шуда, қарзгирандf ба саривақт баргардонидани қарз ва пардохти фоизҳо ӯҳдадор гардида буд. Аммо ӯҳдадориҳои шартномавӣ ба таври пурра иҷро нашуданд.

Аз ин рӯ, даъвогар аз суд дархост кард, ки аз ҷавобгар дар ҳаҷми 1 млн. 119 ҳазор доллари ИМА маблағ рӯёнида шавад. Ғайр аз ин, БАТР дар аризаи даъвогӣ дархост намуд, ки ҶСК «Конибодом» ва ҶСП «Заводи консервбарории ба номи Ҳасанов» (Исфара) шарикони масъул шуморида шаванд.

«Суд тамоми ҳолатҳои марбут ба даъворо баррасӣ карда, дар бораи пурра қонеъ сохтани даъвои БАТР ва аз ҳисоби воситаҳои гарави ҶСК «Лаъл» рӯёнидани маблағи дар боло зикршуда ҳукм содир намуд. Агар ин воситаҳо кифоя накунанд, қисмате аз ин воситаҳо аз шарикони масъул рӯёнида мешавад. Ҷавобгар далелҳои даъвогаррро асоснок эътироф кард. Сабаби барнагрдонидани қарзро ӯ ба ноқисиву камбудиҳо дар амалисозии нақшаи тиҷоратӣ нисбат дод. Ба ҷавобгар муяссар нашудааст, ки ба пешравии истеҳсолот ноил гардад ва аз ин рӯ, дар суратҳисоб барои пардохти маблағи қарз пул боқӣ намондааст», – афзуд Шарифова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.