Семинари омӯзишиии сафорати Фаронса барои кормандони АНМН

Date:


Аз  21 то 24  ноябри соли  2011 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯъи “Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ” баргузор мегардад, ки аз ҷониби Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар рафти семинар кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири назди Префектураи политсияи шаҳри Париж масъалаҳои шаклу усули ошкор намудани ҷиноятҳо ва такмили механизмҳои тафтишоти ҷиноятҳои мухаддиротиро  муҳокима менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати гурӯҳи фаронсавиро  ҷаноби Пушэрэ Пер – намоянда оид ба масъалаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса дар Осиёи Марказӣ роҳбарӣ менамояд.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷоми семинар ба иштироккунандагони он сертификатҳои махсус супорида мешаванд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...