Ахири ҳафтаи гузашта вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Раиси Кумитаи саёҳат ва осори Мамлакат волоҳазрат амир Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сурат гирифт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саёҳат, кофтуковҳои ҳафриётӣ, таъмиру нигоҳдории ёдгориҳои археологӣ ва мавзӯъҳои дигар мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, Аамир аз ҷумла ишора кард, ки Кумитаи саёҳат ва осори Мамлакат метавонад аз таҷрибаи экспедитсияҳои археологии Тоҷикистон баҳра бигирад. Ӯ афзуд, ки оид ба саёҳат ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти раводид барои шаҳрвандони саудӣ эҷод намекунад ва изҳори умед намуд, ки рағбати онҳо барои сафар ба Тоҷикистон афзоиш ёбад.


