Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ дар баргузории кофтуковҳои ҳафриётӣ

Ахири ҳафтаи гузашта вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Раиси Кумитаи саёҳат ва осори Мамлакат волоҳазрат амир Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сурат гирифт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саёҳат, кофтуковҳои ҳафриётӣ, таъмиру […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Раиси Кумитаи саёҳат ва осори Мамлакат волоҳазрат амир Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сурат гирифт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саёҳат, кофтуковҳои ҳафриётӣ, таъмиру нигоҳдории ёдгориҳои археологӣ ва мавзӯъҳои дигар мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, Аамир аз ҷумла ишора кард, ки Кумитаи саёҳат ва осори Мамлакат метавонад аз таҷрибаи экспедитсияҳои археологии Тоҷикистон баҳра бигирад. Ӯ афзуд, ки оид ба саёҳат ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти раводид барои шаҳрвандони саудӣ эҷод намекунад ва изҳори умед намуд, ки рағбати онҳо барои сафар ба Тоҷикистон афзоиш ёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.