Кумаки ИМА ба мактаби деҳаи Лоҷирк

Сафорати Иёлоти Муттаҳида ва мудири «Барномаи мактабҳои шарик барои Рӯҳи Амрико» якҷоя кӯмаки иловагӣ барои мактаби Лоҷирк, ки муддате пеш аз тарафи Сафорати ИМА таъмир шуда буд, супориданд. Тавре аз сафорати ИМА хабар доданд, дар мкктаб панелҳои офтобӣ насб карда шуда, ба талабагон 150 адад пӯшоки зимистона дода шуд. Нуқтаи тиббӣ, ки дар назди мактаб […]


Сафорати Иёлоти Муттаҳида ва мудири «Барномаи мактабҳои шарик барои Рӯҳи Амрико» якҷоя кӯмаки иловагӣ барои мактаби Лоҷирк, ки муддате пеш аз тарафи Сафорати ИМА таъмир шуда буд, супориданд.

Тавре аз сафорати ИМА хабар доданд, дар мкктаб панелҳои офтобӣ насб карда шуда, ба талабагон 150 адад пӯшоки зимистона дода шуд. Нуқтаи тиббӣ, ки дар назди мактаб ҷойгир аст, бо лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардид.

Ба иитилои манбаъ, илова ба он, як сӯҳбати он-лайн байни талабагони мактаби Пасификаи Санта Моника,  Калифорния, ва талабагони мактаби Лоҷирк баргузор шуд. Ҳоло қишлоқи Лоҷирк дорои қувваи барқи офтобӣ дар мактаб ва нуқтаи тиббӣ мебошад. «Рӯҳи Амрико» панелҳои офтобӣ, пӯшоки зимистона ва дорувориро ба маблағи 13000 доллар ва Сафорати ИМА нақлиёт ва ёрии моддиву техникии ин лоиҳаро таъмин карданд. 

 Қобили зикр аст, ки мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиён дида буд, ва кӯдакони маҳаллӣ баъди анҷоми ҷанг даҳ сол пеш дар хона дарс мегирифтанд.

«Рӯҳи Амрико» ташкилоти ғайридавлатии донорӣ мебошад, ки ба қисмҳои низомии ИМА, ки дар расонидани кӯмаки башардӯстона дар Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои иҳтиёҷманд кор мекунанд, ёрии фаврӣ таъмин мекунад. Ин лоиҳа яке аз лоиҳаҳои бисёри ёрирасон мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико ба амал меоварад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доллар сарф намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.