Чанд қабл вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Хертрампфро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози вохӯрӣ Сафири Олмон ба Вазири корҳои хориҷӣ ёддоштро ҷиҳати баргузории Конференсия оид ба масъалаҳои об дар Берлин, ки моҳи марти соли 2012 ба нақша гирифта шудааст, супорид. Сафир изҳори умед намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои баргузории ин чорабинии муҳим ба Сафири Олмон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки масъалаҳои идоракунии об дар минтақа хеле муҳим мебошанд.
Вобаста ба ин масъала Сафири Олмон иттилоъ дод, ки Вазири корҳои хориҷии кишвари ӯ ният дорад дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии Афғонистон дар Бонн вохӯрии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро гузаронад.
Инчунин Сафир Д. Хертрампф миннатдориро ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии интихоби номзадии кишвараш ба Комиссияи байналмилалии ҳуқуқ изҳор намуд.
Дар масъалаи ҳамкорӣ дар робита ба озодшавии халабони эстонӣ, хонум Д. Хертрампф мусоидати бевосита ва саҳми арзандаи Вазорати корҳои хориҷиро қайд кард.
Мусоҳибон инчунин баргузоршавии Конференсияро оид ба Афғонистон дар Бонн ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар кори он муҳокима намуданд. Ҳ. Зарифӣ умедворӣ изҳор дошт, ки кишварҳои Аврупо қарордодҳоеро, ки дар рафти Конфренсияи Истанбул оид ба Афғонистон қабул шуда буданд, дар Бонн ҷонибдорӣ менамоянд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Олмон аз рафти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнерегетикӣ маълумот пешниҳод кард. Ӯ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро оид ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар ҷумҳурӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа таъкид намуд.
Сафири Олмон дар навбати худ аз чунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин сохтори молиявии ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ кард.


