Гуруснанишинии маҳбус С.Тошев

Date:


Маҳбус Садриддин Тошев бештар маъруф ҳамчун Қорӣ Садриддин ва собиқ узви нерӯҳои низомии Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки даҳ сол қабл ба муддати 25 соли зиндон маҳкум шудааст, дар робита ба масъалаи мавриди афв қарор нагирифтан гуруснанишинӣ эълон кард.

С. Тошев дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 186 (Бандитизм), 308 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият), 179 (Терроризм), моддаи 181 (Гаравгон гирифтан) гунаҳкор дониста шуд. Айни замон ӯ дар муассисаи ислоҳии №1 адои ҷазо мекунад.

Имрӯз ба идораи ОИ «Азия-Плюс» номаи С.Тошев ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулли кишвар Шерхон Салимзода, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Комиссариати СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва як қатор созмонҳои байнулмилаливу ВАО ворид шуд.

Дар нома маҳкумшуда аз он шикоят мекунад, ки тӯли 10 соли маҳбусӣ нисбат ба ӯ ягон бор афв истифода нашудааст. Аз ҷумла, ӯ менависад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ӯ ба муддати 25 сол маҳкум ба зиндон шудааст ва аллакай муддати 10 сол адои ҷазо мекунад.

«… маро дар узвият ба гурӯҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев гунаҳкор медонанд ва гӯё ман ҳамроҳи онҳо муддати зиёд ба содир намудани ҷиноятҳои гуногун даст задааам. Бо ин ҳукми Додгоҳи олӣ ман қатъиян розӣ нестам, вале ҳамаи муроҷиатҳои ман ба додгоҳҳо дар бораи эътироз ҳеҷ натиҷае надоданд. Айни замон муроҷиати ман дар Комиссариати олии СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам қарор дорад», – зикр мегардад дар нома.

Аммо сабаби муроҷиати ӯ ба президент дар чизи дигар ифода меёбад. «Гап сари он аст, ки мутобиқи Қонун «Дар бораи афв» аз 28-уми августи соли 2001, мӯҳлати ҷазои ман бояд кам карда шавад ва мувофиқи талаботи моддаи 10-и Қонун «Дар бораи афв» аз 20-уми августи соли 2011 ман бояд озод кард шавам, вале то ҳанӯз ин амал сурат нагирифтааст. Ин қонунҳо нисбат садҳо маҳкумшудагон, ки мутобиқи моддаҳои вазнин маҳкум шудаанд, истифода шуданд ва онҳо аллакай дар озодианд, вале нисбат ба ман ин қонунҳо татбиқ нашуданд. Чаро ҳуқуқҳои ман риоя намешаванд? Чаро нисбат ба Қонуни аз ҷониби сарвари давлат баимзорасида беэҳтиромӣ зоҳир мешавад ва ин то кай идома меёбад? Президенти мӯҳтарам, ман аз Шумо ва дар шахси Шумо аз тамоми мақомоти дахлдор дархост мекунам, ки ба ин беадолатӣ нисбат ба масъалаи озодии ман расидагӣ намоед», – гуфта мешавад дар номаи Тошев.

Маҳкумшуда дар номаи худ хабар медиҳад, ки ба нишони дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ва барқарор намудани адолат аз 28-уми ноябри соли 2011 гуруснанишинӣ эълон мекунад.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 2-юми сентябр додситони кулли ҷумҳурӣ дар нишасти хабарии махсус ному фамилияи шахсонеро, ки ҳамчун иштирокчиёни ошӯбҳои солҳои 1997-1998 мавриди афв қарор мегиранд, номбар кард ва он ҷо номи Садридддин Тошев ҳам ҳузур дошт.

Ба қавли Бузаргмеҳр Ёров, адвокати С.Тошев, сарфи назар аз ҳуқуқи озодӣ доштани зерҳимояи ӯ, додситонии кулл то ҳанӯз ин масъаларо ҳал накардааст.

«Бо Тошев ман 2-3 моҳ пештар ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани Қонун «Дар бораи афв» вохӯрӣ доштам. Мутобиқи қонунгузорӣ, С.Тошев ба мавриди афв қарор гирифтан ҳуқуқ дорад, вале то ҳол тақдири ӯ ҳал нашудааст. Мо чанд маротиба ба Додситонии кулл, аз ҷумла Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ муроҷиат намудем. Бори ахир ҳатто миёни мо ҷанҷол шуд. Дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки барои баррасии парвандаи Тошев вақт надоранд. Зерҳимояи ман ҳамчунин ба Комиссариати СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон низ муроҷиат кард. Ҳангоме ки намояндагони Тоҷикистон ба он ҷо ҳисобот оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсонро пешниҳод намуданд, аз онҳо дар бораи парвандаи Тошев пурсон шуданд. Он вақт намояндагони мо изҳор карданд, ки масъалаи Тошев ҳал шудааст ва ӯ озод мегардад. Аммо то ҳанӯз ӯ дар маҳбас аст»», – гуфт Б.Ёров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...