Конфронси САҲА оид ба ВАО-и Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили васоити ахбори умум Дуня Миятович конфронси XIII-уми ВАО-и минтақаи Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конфронс зиёда аз 100 нафар журналистон, кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони парлумон, шахсони расмӣ, […]


Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили васоити ахбори умум Дуня Миятович конфронси XIII-уми ВАО-и минтақаи Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конфронс зиёда аз 100 нафар журналистон, кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони парлумон, шахсони расмӣ, кормандони илмии минтақаи Осиёи Марказӣ ва коршиносони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.

Дар конфронс масоили марбут ба гуногунандешӣ дар ВАО ва идораи шабакаи Интернет, нақши Интернет дар пешбурди гуногунандешӣ дар минтақа, дастрасӣ ба шабака, ҳамоҳангсозии контент, масоили иҷозатномадиҳӣ ва масъулияти ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин натиҷаҳои ҳисоботи намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили васоити ахбори умум Дуня Миятович дар бораи озодии баён дар шабакаи Интернет дар минтақаи САҲА ва вазъи кунунии озодии ВАО дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ баррасӣ мешаванд.

Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин оид ба масъалаи гузаштан ба пахши рақамӣ ва таъсири он ба озодии ВАО як чорабинӣ доир мегардад, ки онро директори Дафтари намояндагии САҲА Андрей Рихтер доир менамояд.

Иштирокчиёни конфронс тавсияҳо таҳия ва қабул мекунанд, ки як қисмати Изҳороти ниҳоии Конфронс хоҳанд буд. Ин ҳуҷҷат ба сохторҳои ҳукуматии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ирсол мегардад, то ки он минбаъд ҳамчун санад барои маълумот ва роҳбарӣ истифода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.