Кумаки сафорати ИМА ба беморхонаи Саричашма

Date:


Баъд аз чор моҳи ҳамкории Сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарияти ноҳияи Шӯрообод ва беморхонаи Саричашма таъмири шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ анҷом ёфт. Аз тарафи Сафорати  ИМА шаш ҳуҷраи шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ таъмир гардида, бо лавозимоти тиббӣ таҷҳизонида шуд, ки ин ба беморон ва кормандони тиб шароити мусоид фароҳам овард. Дармонгоҳи тиббии Саричашма барои 20 ҳазор аҳолии наздик ва дурдасти ноҳия хизмат мерасонад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, бисту ҳаштуми ноябри соли 2011 намояндагони Сафорати  ИМА, хукумати нохиявӣ ва махаллӣ ва аъзои ҷамоа дар маросими ифтитоҳи беморхона иштирок намуданд. Дар рафти ин маросим кормандони беморхона аз бинои таъмиргардида боздид карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар оянда ин лоиҳа аз тарафи Сафорати  ИМА аз ҷиҳати молиявӣ  дастгирӣ  ёфта, ба гузаронидани хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Саричашма кӯмак мерасонад.

Сафорати  Иёлоти Муттахидаи Амрико ба маблаги 35000 доллар ба беморхонаи Саричашма ёрӣ расонд, ки ин аз маҳсулоти сохтмонӣ барои таъмир, таҷҳизоти идоравӣ, таҷҳизоти тиббии босифат, асбобҳои ҷарроҳӣ ва доруворӣ иборат аст.

Шурӯъ аз соли 1992 халки ИМА ба маблаги 984 млн доллар барои барномаҳои тақвияти институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак расонд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...