Пешниҳоди Роспотребнадзор бобати муоинаи тиббии муҳоҷирон пеш аз сафар

Роспотребнадзор ба мақомоти раҳбарии бахши тандурустии Тоҷикистон тавсия додааст, ки муоинаи тиббии муҳоҷирони ояндаро пеш аз сафар ба Русия гузаронанд, то ки ба бахши тандурустии Русия мушкилоти иловагӣ эҷод насозанд, – менависад хабаргузории Интерфакс. Роспотребнадзор иттилоияе интишор намуд, ки мутобиқи маълумоти он, дар Русия аз моҳи январ то октябри соли равон 890 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ […]


Роспотребнадзор ба мақомоти раҳбарии бахши тандурустии Тоҷикистон тавсия додааст, ки муоинаи тиббии муҳоҷирони ояндаро пеш аз сафар ба Русия гузаронанд, то ки ба бахши тандурустии Русия мушкилоти иловагӣ эҷод насозанд, – менависад хабаргузории Интерфакс.

Роспотребнадзор иттилоияе интишор намуд, ки мутобиқи маълумоти он, дар Русия аз моҳи январ то октябри соли равон 890 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Дар сомонаи расмии ин мақомот гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, ба 1362 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷет, ки барои ёрии тиббӣ ба шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудааст, кумаки тиббӣ расонида шудааст.

«Миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2011 ба Русия омаданд, 336 ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла 96 ҳолати ангезандаи ВИЧ, 116 ҳолати бемории сил ва 74 ҳолати бемории оташак (сифилис) ошкор шуд, ки ба атрофиён хатарнок буда, барои рад кардани додани иҷозатнома барои кору зиндагӣ дар Русия асос шуда метавонад», – омадааст дар иттилоия.

Дар иттилоияи мақомоти мазкур зикр мегардад, ки мутобиқи қарори ҳукумати Русия таҳти № 188 аз 02-юми апрели соли 2003, дар сурати ошкор сохтани гирифтор будани шаҳрвандони хориҷӣ ба бемориҳои сироятӣ, онҳо бояд аз қаламрави Русия хориҷ карда шаванд.

То имрӯз Роспотребнадзор оид ба мувофиқи мақсад набудан ва номатлуб будани будубоши муҳоҷирон аз 23 кишвар 1177 қарор қабул кардааст, ки 204-тои онҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

«Қарорҳои қабулшуда бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати истирдоди шаҳрвандони бемор аз Русия ба Хадамоти федаралии муҳоҷират супурда шудаанд», – зикр мегардад дар иттилоияи мақомот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.