Кумаки сафорати ИМА ба беморхонаи Саричашма

Баъд аз чор моҳи ҳамкории Сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарияти ноҳияи Шӯрообод ва беморхонаи Саричашма таъмири шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ анҷом ёфт. Аз тарафи Сафорати  ИМА шаш ҳуҷраи шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ таъмир гардида, бо лавозимоти тиббӣ таҷҳизонида шуд, ки ин ба беморон ва кормандони тиб шароити мусоид фароҳам овард. Дармонгоҳи тиббии Саричашма барои […]


Баъд аз чор моҳи ҳамкории Сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарияти ноҳияи Шӯрообод ва беморхонаи Саричашма таъмири шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ анҷом ёфт. Аз тарафи Сафорати  ИМА шаш ҳуҷраи шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ таъмир гардида, бо лавозимоти тиббӣ таҷҳизонида шуд, ки ин ба беморон ва кормандони тиб шароити мусоид фароҳам овард. Дармонгоҳи тиббии Саричашма барои 20 ҳазор аҳолии наздик ва дурдасти ноҳия хизмат мерасонад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, бисту ҳаштуми ноябри соли 2011 намояндагони Сафорати  ИМА, хукумати нохиявӣ ва махаллӣ ва аъзои ҷамоа дар маросими ифтитоҳи беморхона иштирок намуданд. Дар рафти ин маросим кормандони беморхона аз бинои таъмиргардида боздид карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар оянда ин лоиҳа аз тарафи Сафорати  ИМА аз ҷиҳати молиявӣ  дастгирӣ  ёфта, ба гузаронидани хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Саричашма кӯмак мерасонад.

Сафорати  Иёлоти Муттахидаи Амрико ба маблаги 35000 доллар ба беморхонаи Саричашма ёрӣ расонд, ки ин аз маҳсулоти сохтмонӣ барои таъмир, таҷҳизоти идоравӣ, таҷҳизоти тиббии босифат, асбобҳои ҷарроҳӣ ва доруворӣ иборат аст.

Шурӯъ аз соли 1992 халки ИМА ба маблаги 984 млн доллар барои барномаҳои тақвияти институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак расонд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.