Ифтитоҳи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Дар ҷаласаи нӯҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуд, ҷонибҳо ташаббуси боз кардани намояндагии Ҳадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистонро дастгирӣ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, яке аз масъалаи асосие, ки дар ҷаласа баррасӣ шуд, бахши муҳоҷирати меҳнатӣ буд. […]


Дар ҷаласаи нӯҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуд, ҷонибҳо ташаббуси боз кардани намояндагии Ҳадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистонро дастгирӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, яке аз масъалаи асосие, ки дар ҷаласа баррасӣ шуд, бахши муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Зикр гардид, ки мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир – шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон аз 4-уми майи соли 2006 як қатор тадбирҳои муайян андешиданд.

Ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазири ҳифзи муҳити зисти Қазоқистон Нургалӣ Ашимов доир гардид. Дар ҷаласа имконоти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо бобати дар ҷаласаи оянда баррасӣ кардани мувофиқи мақсад будани барқарор кардани будубоши муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон в шаҳрвандони Қазоқистон дар Тоҷикистон бидуни ба қайд гузоштан ба мӯҳлати то ба 90 рӯз ба мувофиқа расиданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2011 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон 363,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, суръати афзоиш дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба 149,5% баробар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.