Тадриҷан афзудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар

Дар Тоҷикистон ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар тадриҷан афзун мешавад. Дар ҷаласаи Кумитаи нозирони лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сардори Раёсати саноати сабуки Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Дилшод Расулов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар корхонаҳои дӯзандагиву бофандагии кишвар ба маблағи беш аз 200 […]


Дар Тоҷикистон ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар тадриҷан афзун мешавад.

Дар ҷаласаи Кумитаи нозирони лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сардори Раёсати саноати сабуки Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Дилшод Расулов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар корхонаҳои дӯзандагиву бофандагии кишвар ба маблағи беш аз 200 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 55% зиёдтар аст. Аз нисф зиёди ин маблағ (106 млн. сомонӣ) ба саноати дӯзандагӣ рост меояд.

«Дар Тоҷикистон нисбат ба корхонаҳои дӯзандагӣ асосан ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои бофандагӣ бештар буд, яъне нахи пахта танҳо як марҳилаи коркардро мегузашт. Ҳар сол вазъ дар ин соҳа беҳтар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш мениҳад», – гуфт вай.

Миёни корхонаҳое, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ мусоидат менамоянд, Расулов ширкати «Гулистон»-ро ном бурд. Ба қавли ӯ, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар ширкати мазкур ба маблағи 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ба афзудани нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта муваффақ шудаанд.

«Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ҷиҳати коркарди нахи пахта ва ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он имконоти бузургро дорост», – афзуд Расулов.

Ба қавли муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев, марҳила ба марҳила ҳаҷми коркарди нахи пахта зиёд гардида, пас аз якчанд сол ҷумҳурӣ ба коркарди пурраи ин ашёи хоми стратегӣ дар дохили кишвар қодир хоҳад буд.

«Айни замон дар Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 100 ҳазор тонна нахи пахта коркард мешавад», – афзуд Назриев.


Акс аз www.ru.all.biz

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.