Бар асари садама маркази пойтахт бебарқ монд

Date:


Бар асари ба хатти баландшиддати барқ афтодани кран дар минтақаи Маҷмаии манзилҳои зисти Ҷавонон (собиқ бозори Баракат), қисмати зиёди маркази шаҳри Душанбе бебарқ монд. Кохи президенти Тоҷикистон низ бе «равшанӣ» монд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, айни замон ба як қатор манзилҳои зист, муассисаҳои давлатӣ ва иншоот барқ тавассути хатҳои алтернативӣ интиқол дода шуда истодааст.

«Аз садама касе осеб надид», – гуфт Ёдгорӣ. Ба қавли вай, айни замон дар макони ҳодиса якчанд бригадаҳои садамавӣ машғули коранд.

Мақомоти раҳбарии ШСХК «Барқи тоҷик» ва муассисаи шабакаҳои барқи пойтахт дар ҷойи ҳодиса ҳузур доранд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» итминон медиҳанд, ки дар фурсати наздиктарин интиқоли нерӯи барқ ба биноҳову иншооте, ки бебарқанд, барқарор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...