Бар асари садама маркази пойтахт бебарқ монд

Бар асари ба хатти баландшиддати барқ афтодани кран дар минтақаи Маҷмаии манзилҳои зисти Ҷавонон (собиқ бозори Баракат), қисмати зиёди маркази шаҳри Душанбе бебарқ монд. Кохи президенти Тоҷикистон низ бе «равшанӣ» монд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, айни замон ба як қатор манзилҳои зист, муассисаҳои давлатӣ ва иншоот барқ […]


Бар асари ба хатти баландшиддати барқ афтодани кран дар минтақаи Маҷмаии манзилҳои зисти Ҷавонон (собиқ бозори Баракат), қисмати зиёди маркази шаҳри Душанбе бебарқ монд. Кохи президенти Тоҷикистон низ бе «равшанӣ» монд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, айни замон ба як қатор манзилҳои зист, муассисаҳои давлатӣ ва иншоот барқ тавассути хатҳои алтернативӣ интиқол дода шуда истодааст.

«Аз садама касе осеб надид», – гуфт Ёдгорӣ. Ба қавли вай, айни замон дар макони ҳодиса якчанд бригадаҳои садамавӣ машғули коранд.

Мақомоти раҳбарии ШСХК «Барқи тоҷик» ва муассисаи шабакаҳои барқи пойтахт дар ҷойи ҳодиса ҳузур доранд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» итминон медиҳанд, ки дар фурсати наздиктарин интиқоли нерӯи барқ ба биноҳову иншооте, ки бебарқанд, барқарор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.