Ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳавзавӣ намояндагони 8 ҳизб шомил шуданд

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, барои баргузор намудани маъракаи интихоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3-и шаҳри Душанбе, ки ба санаи 18-уми декабр пешбинӣ мешавад, комиссияи интихоботии ҳавзавӣ ташкил гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии ҳавзавии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳавзавӣ намояндагони 8 ҳизби […]


Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, барои баргузор намудани маъракаи интихоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3-и шаҳри Душанбе, ки ба санаи 18-уми декабр пешбинӣ мешавад, комиссияи интихоботии ҳавзавӣ ташкил гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии ҳавзавии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳавзавӣ намояндагони 8 ҳизби сиёсии амалкунандаи ҷумҳурӣ шомил гардиданд.

«Комиссияи интихоботии ҳавзавӣ 49 комиссияҳои интихоботии участкавӣ ташкил дод, ки 38-то аз он дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур ва 11-тояш дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгиранд, зеро қисмате аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ ба ҳавзаи интихоботии №3 дохил мешавад», – зикр кард Холиқов.

Ба қавли ӯ, мутобиқи қонунгузории кишвар оид ба интихобот, айни замон мулоқоту вохӯриҳои номазадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон ҷараён дошта, ҳамчунин рӯйхати интихобкунандагон мавриди санҷиши дақиқ қарор дорад. Бино ба маълумоти пешакӣ, шумори умумии интихобкунандагон дар ин ҳавза 68 ҳазору 489 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ба сифати номзад ба вакилӣ аз ин ҳавза намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ва ғайриҳизбӣ, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  Абдуқаҳҳор Турсунов ба қайд гирифта шуданд.

Пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.