Мавқеи 152-уми Тоҷикистон дар мизони фасод миёни 182 давлат

Дар гузориши тозанашри Созмони Шаффофияти байналмилал ё Transparency International, ки имрӯз интишор гардид,  Тоҷикистон бо касби 2.3 балл дар мизони фасод миёни 182 кишвари дунё мақоми 152-умро ишғол намуд. Дар муқоиса бо соли гузашта мақоми Тоҷикистон ду зина болотар ё худ беҳтар шудааст, вале соли гузашта таҳқиқот миёни 178 кишвари ҷаҳон доир гардида буд. Соли […]


Дар гузориши тозанашри Созмони Шаффофияти байналмилал ё Transparency International, ки имрӯз интишор гардид,  Тоҷикистон бо касби 2.3 балл дар мизони фасод миёни 182 кишвари дунё мақоми 152-умро ишғол намуд.

Дар муқоиса бо соли гузашта мақоми Тоҷикистон ду зина болотар ё худ беҳтар шудааст, вале соли гузашта таҳқиқот миёни 178 кишвари ҷаҳон доир гардида буд. Соли 2009 Тоҷикистон бо 2 балл миёни 180 давлат мавқеи 158-умро касб карда буд.

Зимни таҳияи гузориш сатҳи фасод дар сохтори давлатии кишварҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифта, сипас индекси таркибии он ҳосил карда мешавад, ки он ба назарсанҷии доиргардида миёни коршиносон ва доираҳои корӣ асос меёбад.

Дар сархати феҳристи мазкур кишварҳои Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Шветсия ва Сингапур қарор гирифта, дар ин давлатҳо вазъи фасодкорӣ аз ҳама бештар мусоид арзёбӣ мешавад.

Бино ба таҳқиқоти Transparency International, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Бирма ва Кореяи Шимолӣ давлатҳои фасодзадатарини дунё унвон шудаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки коррупсия дар саросари дунё доман паҳн мекунад. Гузориш гувоҳи он аст, ки давлатҳо бо суистеъмол аз захираҳои ҷамъиятӣ, ришваситонӣ ё қабули қарори маҳфуз ба ҳифзи шаҳрвандон аз коррупсия қодир нестанд.

«Transparency International ҳушдор дода буд, ки коррупсияву ноустувории иқтисод ба эътирозҳо дар саросари ҷаҳон боис мегарданд, – гуфта мешавад дар гузориш. – Соли равон мо дар лавҳаҳову шиорҳои эътирозгарон коррупсияро мушоҳида кардем ва фарқе надошт, ки онҳо доро буданд ё камбизоат. Аз ин рӯ, ҳам дар Аврупои зарбхӯрда аз бӯҳрони қарз ва ҳам дар ҷаҳони Араб, ки марҳилаи нави сиёсиро оғоз мекунад, сарони кишварҳо бояд ба талабот ба идоракунии беҳтар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созанд».  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.